Ҳамлаи саҳюнистҳо ба сайёдони фаластинӣ дар обҳои Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i88724-Ҳамлаи_саҳюнистҳо_ба_сайёдони_фаластинӣ_дар_обҳои_Ғазза
Қойиқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ба сӯи қойиқҳои моҳигирии сокинони борикаи Ғазза оташ гушуданд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 20, 2022 08:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи саҳюнистҳо ба сайёдони фаластинӣ дар обҳои Ғазза

Қойиқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ба сӯи қойиқҳои моҳигирии сокинони борикаи Ғазза оташ гушуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Фаластин алявм, қойиқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар навори дарёии савоҳили Хон Юнус ва Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ба сайёдони фаластинӣ ҳамла карданд .
Қойиқҳои ҷангии режими саҳюнистӣ бо шиллеки бардавоми гулӯла ба сӯи қойиқҳои моҳигирон онҳоро маҷбур ба тарки маҳал карданд .
Дар чанд ҳафтаи гузашта неруҳои баҳрии режими саҳюнистӣ ду сайёди фаластиниро, ки дар обҳои Ғазза дар ҳоли моҳигирӣ буданд, захмӣ карданд .
Пеш аз ин низ неруҳои режими саҳюнистӣ 6 моҳигирро дар обҳои Ғазза ва шимоли ин минтақа дастгир карда буданд.
Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ поймол мешавад . Ин режим дар муддати мазкур ба ваҳшиёнатарин ҷиноятҳо алайҳи фаластиниҳо даст задааст.