Мақоми лубнонӣ: Пешниҳоди Насруллоҳ дар бораи таъмини сӯхт аз Эрон амалӣ шавад
(last modified 2022-07-26T09:50:46+00:00 )
Июл 26, 2022 14:50 Asia/Dushanbe
  • Мақоми лубнонӣ: Пешниҳоди Насруллоҳ дар бораи таъмини сӯхт аз Эрон амалӣ шавад

Раиси ҳизби «Аттавҳид Алъарабӣ” -и Лубнон зимни истиқбол аз пешниҳоди дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар хусуси таъмини сӯхт аз Эрон гуфт, мухолифат бо ин пешниҳод хиёнат ба мардум аст.

Кишвари Лубнон як соле аст, ки бо буҳрони шадиди иқтисодиву сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад. Набуди сӯхт ва афзоиши қимати доллар, ба хусуси пас аз инфиҷори ваҳшатноки бандари Бейрут дар соли гузашта сабаби ташдиди ин мушкилот шудааст.

Соли гузашта дар ҷараёни буҳрони сӯхти Лубнон, Ҷумҳурии исломии Эрон чанд маҳмулаи сӯхтӣ ба ин кишвар фиристод.

Раиси ҳизби “Аттавҳид Алъарабӣ” гуфт, ин пешниҳод бояд амалӣ шаваду ҳамаи касоне ки бо он мухолифат мекунанд бояд расво шаванд, мухолифат бо ин пешниҳод хиёнат ба мардум ва манофеи онҳо аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи душанбе дар суханоне гуфт:

Ҳизбуллоҳ ҳозир аст аз Эрон сӯхт ворид кунад, ба шарти ин ки давлати Лубнон ин масъаларо бипазирад. Аммо ҳеҷ кас дар Лубнон ҷуръати анҷоми ин корро надорад, зеро аз таҳримҳои Амрико алайҳи худ метарсанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп