Ибрози таассуфи оятуллоҳ Систонӣ аз нооромиҳои ахир дар Ироқ
Руҳонии маъруфи Ироқ аз иттифоқоти рӯзҳои гузашта дар ин кишвар ибрози таассуф кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Ироқ, намояндаи оятуллоҳ Алии Систонӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи кушташудагони нооромиҳои ахири ин кишвар гуфт, оятуллоҳ Систонӣ аз ончӣ рух дода бисёр муттаассиф ва андӯҳгин аст.
Ҳусайн Ал Нурӣ афзуд, оятуллоҳ Систонӣ аз ончӣ дар Ироқ рӯй дода, норозӣ аст ва ин иқдоми нангинро маҳкӯм мекунад.
Дар ҳафтаҳои гузашта, ҳомиёни ҷараёни “Садр” пас эъломи канорагирии Саид Муқтадо Садр, раҳбари ин ҷараён ба ниҳодҳои давлатии Ироқ таарруз карданд, ки ин иқдом дар ниҳоят ба даргирӣ бо неруҳои амниятии Ироқ мунҷар шуд. Дар пайи ин даргириҳо, 30 нафар кушта ва ҳудӯди 700 нафар аз ҷумла даҳҳо нерӯи амниятии ироқӣ маҷрӯҳ шуданд. Пас аз ташдиди нооромиҳо, раҳбари ҷараёни Садр, баъд аз зуҳри рӯзи гузашта, дар як суханронӣ аз мардуми Ироқ узрхоҳӣ кард ва бо таъйини зарбулаҷале як соата хостори хурӯҷи фаврии ҳомиёни ин ҷараён аз минтақаи Сабзи Бағдод шуд ва пас аз он авзоъ ба ҳолати одӣ бозгашт.