Сентябр 20, 2022 12:47 Asia/Dushanbe
  • Оташбаси ду моҳа миёни давлати Санъо ва Эътилофи Саъудӣ, дуввуми апрели 2022 оғоз шуд
    Оташбаси ду моҳа миёни давлати Санъо ва Эътилофи Саъудӣ, дуввуми апрели 2022 оғоз шуд

Эътилофи Саъудӣ дар 24 соати гузашта бо нақзи оташбас ба манотиқи мухталифи Яман ҳамла карданд.

Оташбаси ду моҳа миёни давлати Санъо ва Эътилофи Саъудӣ, дуввуми апрели 2022 оғоз шуд ва дуввуми июн буд, ки  Ҳонес Гравнберг фиристодаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Яман эълом кард, тарафайни даргир бо ҳамон шурути қаблии тавофуқи асли мувофиқат карданд, ки оташбас ду моҳи дигар яъне то дуввуми август тамдид шавад дувуми август низ оташбас дар Яман барои ду моҳи дигар тамдид шуд.

Ба гузориши Алмасира эътилофи саъудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷасусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Маъриб, Таъиз, Ҷуф, Саъда, Алҳадида, ва Ҳуҷҷа ва меҳварҳои амалиётии марзӣ, 213 бор оташбаси Созмони Миллали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, паҳподҳои шиносоии мусалаҳи Эътилофи Саъудӣ ҳамалотеро алайҳи мавозеи артиш ва кумитаҳои мардумӣ дар ғарбӣ шаҳристони Ҳис воқеъ дар устони Алҳадида ва шаҳристони Мақбана воқеъ дар устони Таъиз анҷом додаанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муъосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Бар хилофи интизори саъудиҳо, ҳамалоти онҳо ба сипари муҳками муқовимати миллати Яман бархурд кард ва баъд аз ҳафт сол пойдори ва заработи дарноки яманиҳо ба умқи ирози Арабистон ба вижа таъсисоти Оромку, Риёз ночор тан ба оташбас ба умеди хурӯҷ аз ботлоқи ҷанги Яман дод.

Бештар бихонед:

 

Барчасп