Сентябр 22, 2022 10:43 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнист

Низомиёни саҳюнист бо ҳамла ба ҷануби Каронаи Бохтарии руди Урдун даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранду фаластиниёнро шаҳид, захмӣ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши Фаластин Ал явм, низомиёни саҳюнист ба урдӯгоҳе дар шимоли Ал Халил юриши бурданд, ки бо муқовимати фаластиниён мувоҷеҳ шуданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни саҳюнист бо шиллики гулӯла ва партоби гази ашковар, даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.

Аз сӯи дигар низомиёни саҳюнисти озодаи фаластинӣ Муҳаммадалӣ Абӯ Зина аз аҳолии урдӯгоҳи Ҷанинро дар як пости бозрасӣ дар ҷануби Наблос дастгир карданд.

Режими саҳюнистӣ ҳамакнӯн аз муташанниҷ шудани авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ дар тарсу ваҳшат басар мебарад ва барои ба кантрол даровардани авзоъ дар ин минтақа тамоми талоши худро мекунад.

 

Барчасп