Сентябр 26, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Сафари садри аъзами Олмон ба ҳавзаи Халиҷи Форс талош барои раҳоӣ аз буҳрони энержи
    Таҳлил: Сафари садри аъзами Олмон ба ҳавзаи Халиҷи Форс талош барои раҳоӣ аз буҳрони энержи

Ба дунболи ташдиди буҳрони энержи ва коҳиши захираҳои гази дар Аврупо Олаф Шолтс, садриаъзами Олмон дар чорчуби сафари дурӯза ба ҳавзаи Халиҷи Форс бо ҳадафи ройзани дар бораи масоили мухталиф рӯзи шанбе вориди шаҳри Ҷадаи Арабистони Саъудӣ шуд, Қатар ва Аморат мақсадҳои баъдии сафари Шолтс хоҳанд буд меҳвари аслии ин сафар масоили марбут ба энержи аст.

Буҳрони сухт ва паёмадҳои ҷанги Украина ва парвандаи Яман ва барномаи ҳастаӣ Эрон аз мавзуъоти мавриди баҳс миёни Шолтс ва мақомоти аршади Арабистони Саъудӣ ба вижа Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди саъудӣ аст.

Нукати ҷалоиби таваҷҷуҳ ин ки бо вуҷуди корномаи ҳуқуқи башарии манфии валиаҳди саъудӣ ба вижа қатли фоҷеъавори Ҷамол Хошоқчи, рузноманигори мунтақиди саъудӣ аммо барои Берлин масъалаи энержи муҳимтар аз мулоҳизоти ҳуқуқи башари аст.

Эккарт Воетс мудири муассисаи мутолеъоти ғарби Осиё дар ин бора мегуяд: Бо бологирифтани буҳрони энержи ва коҳиши захираҳои Аврупо тамоюли камтари ба матраҳ кардани масоили ҳуқуқи башари бо содиркунандаи энержи вуҷуд дорад.

Сафари садриаъзами Олмон ба минтақаи Халиҷи Форс, ки минтақаҳои аслии нефти ва ҳамчунин гази ҷаҳони маҳсуб мешавад мушахасан бо ҳадафи эҷоди чашмандозҳои ҷадиди барои Олмон ва Аврупо дар заминаи таъмини манобеъи нефти ва газии ҷадид сурат гирифта аст.

Коршиноси иқтисоди муътақиданд, ки осор ва паёмадҳои иқтисодии ноши аз ҷанги Украина бар Аврупо ба хусус Олмон ба унвони қудратмандтарин иқтисоди Аврупо тулонимуддат хоҳад буд ва беш аз 20 сол идома хоҳад дошт.

  • Шароити кунунии Аврупо дар воқеъ ҳосили ҳамроҳии ин кишвар бо сиёсатҳои Амрико дар ҳимоят аз Украина дар ҷанги бо Русия аст.
  • Хисорати ин ҳамроҳиро шаҳрвандони аврупоӣ бо коҳиши шадиди рифоҳ ва низ таваруми шадид ва буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ мепардозанд.

Онҳо коҳиши хадамоти иҷтимоъӣ, буҳрони энержи, афзоиши нархи сухт ва маводи ғизоӣ ва таваруми бесобиқа даст ба гиребон буда ва чашмандози номатлубе низ дар зимистони соли 2022 дар интизорашон аст.

Барчасп