Муқтадо Садр: Толибон масъули ҳамалот ба шиаёни Афғонистон аст
(last modified Fri, 30 Sep 2022 16:02:27 GMT )
Сентябр 30, 2022 21:02 Asia/Dushanbe
  • Муқтадо Садр Толибонро муқассири ноамниҳои Афғонистон донист
    Муқтадо Садр Толибонро муқассири ноамниҳои Афғонистон донист

Раҳбари ҷараёни Садри Ироқ гуруҳи Толибонро масъули инфиҷорҳои паёпай дар Афғонистон ва ҳадаф қарор додани шиаёни ин кишвар донист.

Як манбаъ дар давлати Афғонистон хабар дод, дар пайи инфиҷори интиҳорӣ дар як маркази омӯзишӣ дар ғарби Кобул 32 тан кушта ва 40 тан захмӣ шуданд.

Дар пайи ин инфиҷор Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садри Ироқ дар твитте навишт: «Кадом давлат аст, ки наметавонад аз миллаташ ҳифозат кунад? Ё кадом давлат аст, ки фақат тамошогари инфиҷорҳои ҳафтагӣ аст, ки шиаёнро ҳадаф қарор додааст? Оре, ин давлати Толибон аст».

Садр афзуд: «Ман аз Наҷафи Ашраф Толибонро масъули инфиҷорҳое медонам, ки дар бурҳаи кунунӣ бародарони шиа дар Афғонистонро ҳадаф гирифта ва ҳеҷ баид нест, дар оянда бародарони суннии афғонистониро низ ки ақидаашон ҳамсӯ бо Толибон аст, ҳадаф қарор гиранд.

Муқтадо Садр гуфт, ба таври куллӣ Толибон ё амдан сукут кардаву нисбат ба он чӣ рух медиҳад ризоят дорад ё ин ки нотавон дар ҳифозат аз миллати Афғонистон аст. Бинобар ин ҷомеаи байналмилал бояд барои поён додан ба дарду ранҷи ин мардум мудохила кунад, зеро ин миллат хостори зиндагӣ будаанд, аммо сарнавишташон бо марг гиреҳ хӯрдааст.

Рӯзи ҷумъа дар пайи вуқуи инфиҷоре дар як масҷиде дар Кобул чаҳор нафар кушта шуданд. Пас аз ба даст гирифтани қудрат тавассути Толибон дар Афғонистон инфиҷорҳо дар масоҷиди шиаён афзоиш ёфтааст.