Март 25, 2024 11:21 Asia/Dushanbe

Расонаҳои Русия гузориш доданд, ки донишомӯзи 15 солаи мусулмони рус боиси наҷоти ҷони беш аз сад нафар дар ҳамлаи террористӣ ба муҷтамаи тиҷории Крокус сити ҳол, дар наздикии Маскав - пойтахти Русия шуд.

Террористҳо ҷумъашаб ба муҷтамаи тиҷории Крокус сити ҳол дар ҳумаи шаҳри Маскав ҳамла карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Известия” ва “Коммерсант”-и Русия, Ислом - донишомӯзи 15 солаи рус дар қисмати рахткани муҷтамаи тиҷории Крокус сити ҳол дар ҳумаи шаҳри Маскав кор мекард, ки пас аз шунидани садои тирандозӣ, бо ҳидояти афроди ҳозир ба хориҷ аз ин муҷтамаъ, боиси наҷоти ҷони беш аз сад нафар шуд.

Дар ҳамин ҳол, идораи динии мусулмонон ва Шӯрои муфтиёни Русия эълом кард, ки барои таҷлил аз ин навҷавони рус, ҷоизаи Шуҷоатро ба вай эҳдо хоҳад кард.

Бино бар ин гузориш, муфтӣ шайх Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёни Русия дар намози ҷумъаи даҳуми фарвардинмоҳи 1403 (29 марти 2024) дар масҷиди ҷомеи Маскав бо эҳдои ҷоизаи Шуҷоат ба Ислом, аз вай ба хотири наҷоти мардум қадрдонӣ хоҳад кард.

Ислом ва хонаводааш аз намозгузорони масҷиди ҷомеи Маскав ҳастанд.

Расонаҳои русӣ, ки дар ҳар ҷинояте ангушти иттиҳом ба қавмияту миллияти афрод нишона мегиранд, дар бораи миллияти Ислом чизе нанавиштаанд. 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп