Октябр 15, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
  • Дасти радди тими миллии футболи Уругвай ба синаи саҳюнистҳо

Тими миллии футболи Уругвай дархости режими ишғолгари Қудс барои баргузории дидори тадорукотиро рад кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, режими саҳюнистӣ дар ду даҳаи гузашта барои исботи ҳувияти сохтагии худ дар дунё, даст ба домани варзиш ва ба хусӯс футбол шудааст .
Режими ишғолгари Қудс барои пӯшондани чеҳраи зишту ҷинояткори худ аз футбол ба унвони абзори пӯшишӣ истифода карда то ҷиноятҳои фаҷеъи худро пинҳон кунад.
Барои намӯна режими саҳюнистӣ бо овардани тимҳои матраҳи футболи дунё ба сарзаминҳои ишғолӣ мехоҳад ҳуввияти худро дар дунё собит кунад ва муддаӣ шавад, ки ба дунболи сулҳ аст .
Дар ҳамин робита Федерасиюни футболи режими саҳюнистӣ дар талош буд то тими миллии Уругувйро бо ҳамаи ситорагонаш ба сарзамини ишғолӣ биоварад ва як бозии дӯстона бо ин тими бузурги Амрикои ҷанубӣ анҷом диҳад .
Аммо Федерасиюни футболи Уругвай ба далели ҷиноятҳои режими ишғолгар алайҳи мардуми Фаластин ҳозир нашуд дар сарзамини ишғолӣ қабл аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 урду бизанад ва бозии дӯстона бо саҳюнистҳоро баргузор кунад.

 

Барчасп