Таъкиди Алкозимӣ бар ҳимоят аз раиси ҷумҳӯри ҷадид ва нахуствазири мукаллафи Ироқ
(last modified 2022-10-19T08:38:24+00:00 )
Октябр 19, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Алкозимӣ бар ҳимоят аз раиси ҷумҳӯри ҷадид ва нахуствазири мукаллафи Ироқ

Нахуствазири давлати пешбурди умӯри Ироқ ҳимояти ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ аз раиси ҷумҳурии ҷадид ва нахуствазири мукаллаф ба ташкили давлати ҷадидро хостор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Алкозимӣ-нахуствазири давлати пешбурди умӯри Ироқ дар ҷаласаи аъзои кабинаи худ аз ҷиноҳҳои сиёсии Ироқ хост то аз Абдуллатиф Рашид-раиси ҷумҳурии ҷадид ва Муҳаммад Ассудонӣ-нахуствазири мукаллаф ҳимоят кунанд.
Нахуствазири давлати пешбурди умӯри Ироқ ҳамчунин гуфт ҷиноҳҳои сиёсӣ бояд ба Ассудонӣ барои интихоби кабина, озодии амал бидиҳанду фурсати кофиро дар ихтиёри нахуствазири ҷадид қарор диҳанд то вазоифашро дар сариътарин замони мумкин анҷом диҳад .
Алкозимӣ бо баёни инки қазияи фасоди эъломшуда яке аз чолишҳои бузург дар Ироқ аст, тасреҳ кард : Таърих ин давлатро ба некӣ қазоват ва таҳқиқоти дастгоҳи қазоӣ онро намоён хоҳад кард.
Чанде пеши расонаҳои ироқӣ аз суистифодаи молии 3. 7 триллион динорӣ ( 2 . 5 миллиард доллар ) аз суи Вазорати молияи Ироқ аз ҳисоби созмони умӯри молиётии Ироқ хабар доданд, ки ин хабар вокуниши бархе сиёсиун аз ҷумла  Муҳамади Ассудонӣ-нахуствазири маъмури ташкили кабинаи ҷадиди Бағдодро дар бардошт .
 

 

Барчасп