Гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар бораи оташбас дар Ҳалаб
(last modified 2016-12-08T05:07:07+00:00 )
Декабр 08, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар бораи оташбас дар Ҳалаб

Музокираи вазирони умури хориҷаи Амрико ва Русия дар бораи таваққуфи даргириҳо дар Ҳалаб шимоли Сурия, бидуни ҳеч гуна натиҷае поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузори Фаронса,  Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, шомгоҳи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҳамбурги Олмон, дар бораи таваққуфи даргириҳо дар Ҳалаб ва хурӯҷи террористҳо аз ин шаҳр гуфтугӯ карданд.

Пеш аз дидори вазирони умури хориҷаи Русия ва Амрико қарор буд, ройзаниҳои ду кишвар дар бораи авзоъи буҳронии Сурия дар Женева баргузор шавад, аммо ба дархости тарафи амрикоӣ ин музокирот лағв шуд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои сарнагун кардани давлати қонунии Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия оғоз шудааст.

 

Барчасп