Манобеи саҳюнистӣ: Натаняҳу аз инзивои байналмилалӣ метарсад
(last modified Sat, 05 Nov 2022 13:47:47 GMT )
Ноябр 05, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Манобеи саҳюнистӣ: Натаняҳу аз инзивои байналмилалӣ метарсад

Манобеи сиёсии саҳюнистӣ эълом карданд, Бинямин Натаняҳу ба далели тарс аз инзивои байналмилалӣ талош мекунад аз намояндагони ифротии ростгаро дар кабинаи худ истифода накунад.

Ба гузориши сойти хабарии Фаластин “Алон”, манобеи сиёсии саҳюнистӣ зимни эъломи ин хабар афзуданд: Натаняҳу, тамоюл надорад бо додани мақомҳои давлатӣ ба намояндагони ростгарои ифротӣ ҳамчун Итмор бин Ғафир риск кунад.

Манобе мазкур гуфтанд, Натаняҳу талош мекунад ду рақиби интихоботии худ, яъне Яир Лапид, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Бенни Гантс, вазири ҷанги ин режимро мутақоъид кунад, ки ба кабинаи вай бипайванданд то дучори инзивои байналмилалӣ нашавад.

Гузоришҳои матбуотӣ низ нишон медиҳад, ки давлати Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ба Натаняҳу эълом кардаанд, ки Итмор бин Ғафирро ба унвони як вазир намепазиранд. Ҳамчунин кишварҳои арабӣ ба ӯ нисбат ба интихоби Итмор бин Ғафир ба унвони вазир ҳушдор додаанд.

Манобе мазкур гуфтанд, эҳтимолан Натаняҳу аз Мансур Аббос, раиси феҳристи муттаҳиди арабӣ барои эҷоди таъодул дар баробари ифротиҳои ҷиноҳи рост истифода мекунад.
Дар ҳамин росто, Нафтали Беннет, нахуствазири давраи режими саҳюнистӣ низ ба Лопид итилоъ дода, ки қасд дорад зарфи рӯзҳои оянда аз симаташ истеъфо кунад.