Ноябр 12, 2022 18:03 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни саҳюнист ба ширкаткунандагон дар роҳпаймоии фаластиниён дар Каронаи Бохтарии руди Урдун юриш бурданд.

Ба гузориши сайти Фаластин Ал Явм, нерӯҳои исроилӣ роҳпаймоии фаластиниҳо дар шарқи Наблос дар мухолифат бо шаҳраксозиро саркӯб карданд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои режими саҳюнистӣ бо бомби савтӣ ва газашковар ба муътаризони фаластинӣ ҳамла карданд, ки дар ҷараёни ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ, захмӣ шуданд.

Дар ин гузориш омадааст, муътаризони фаластинӣ дар маҳкӯмияти шаҳраксозӣ, шиорҳое сардоданаду хоҳони ташдиди муқовимати мардумӣ ва мубориза зидди ишғолгарони саҳюнист шуданд.

Шаҳрвандони фаластинӣ аз ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва башардӯстона хостанд барои таваққуфи ин таҷовузот иқдоми ҷиддӣ иттихоз кунанд.

 

Барчасп