Ноябр 19, 2022 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи Сурияро маҳкӯм кард

Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин «Ҳамос» бо судӯри баёнияе таҷовузи ҳавоии субҳи имрӯз (шанбе)-и режими саҳюнистӣ алайҳи Сурияро маҳкӯм кард.

Субҳи имрӯз хабаргузории расмии Сурия (Соно) аз таҷовузи ҷадиди ҳавоии режими саҳюнистӣ алайҳи ин кишвар хабар дод, ки мунҷар ба кушта шудани чаҳор низомии сурӣ ва захмӣ шудани як нафари дигар шуда буд.

Ҳозим Қосим, сухангӯи Ҳамос ба таҷовузи ҷадиди режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия, ки субҳи имрӯз рух дод, вокуниш нишон дод.

Қосим дар ин бора таъкид кард, ҳамалоти мушакии субҳи имрӯзи режими саҳюнистӣ алайҳи Сурия, ки ба шаҳодати чанд сарбози артиши Сурия мунҷар шуд, сиёсати таҷовузкоронаи ин режим дар тавсеаи доираи ҳамалот алайҳи кулли минтақаро нишон медиҳад.

Вай тареҳ кард, ишғолгарони саҳюнист хатари воқеӣ барои ҷаҳони ислом маҳсӯб мешаванду терроризми онҳо танҳо бо ваҳдати мавозеъи ҳамаи уммати исломӣ мутаваққиф мешавад.

Сурия ба унвони яке аз аъзои аслии меҳвари муқовимат нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюнистӣ - саудӣ дар минтақа дорад.

 

Барчасп