Тадовуми нақзи оташбас дар Ал-Ҳадида аз сӯи мутаҷовизони Саъудӣ
Ноябр 28, 2022 10:32 Asia/Dushanbe
Эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ дар идомаи аҳдшиканиҳо дар 24 соати гузашта 33 бор оташбасро зери назари Созмони Миллали Муттаҳид дар Ал-Ҳадидаро нақз кардааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, утоқи афсарон ва иртиботу ҳамоҳанги барои расади нақзи оташбас дар устони Ал-Ҳадидаи Яман, эълом кард: 5 мавриди тахалуф бо гулулаи тубхона ва 26 маврид бо гулулаҳои мухталиф сурат гирифтааст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ дарёӣ ва ҳавои ин кишвар кардааст.
Ҷангафрузи Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман акнун ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии чаҳор миллион нафар мунҷар шудааст.
Бештар бихонед:
Барчасп