Тамҷиди ФИФА аз тими футболи Марокаш
(last modified Thu, 15 Dec 2022 12:41:24 GMT )
Декабр 15, 2022 17:41 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди ФИФА аз тими футболи Марокаш

Федерасиюни байни алмилалии футбол (ФИФА) дар паёме аз дурахшиши тими Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар тамҷид кард .

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, шаби гузашта дар дуюмин бозии ниманиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар, тими миллии Марокаш ба масофи тими миллии Фаронса рафт ва бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст хӯрд, то достони шигифтиангези “шерҳои Атлантика” низ ба поён расад .
Онҳо ки дар ин ҷоми ҷаҳонӣ тимҳои қудратманде мисли Белгия, Испания ва Португалияро ҳазф карданду омории хиракунанда дар заминаи гол нахурдан ба сабт расонданд, ба радабандӣ роҳ ёфтанд то барои мақоми сеюмӣ талош кунанд .
Дидори радабандӣ шанбе дар варзишгоҳи Халифаи Давҳа баргузор хоҳад шуд .
Марокаш дар ин ҷом яке аз маҳбубтарин тимҳои ҷомҳои ҷаҳонӣ ном гирифт ва тавонист номи худро бар сари забонҳо биандозад . Бисёре аз тарафдорони футбол намоиши хиракунандаи онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард . Ҳамчунин дифои онҳо аз кишвари мазлӯми Фаластин ва эҳтизози парчами ин кишвар пас аз бозиҳо ва саҷдаи шукри онҳо ҳатто пас аз бохт тасвири зебо аз мусулмононро дар ин рақобат сабт кард .
ФИФА дар чандини шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз амалкарди намояндаи Африқо тамҷид кард ва навишт : « Шумо боиси ифтихори қорраи Африқо шудед . Намоиши шумо ва амалкардатон дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ фаромӯшношуданӣ аст . Мамнунем ба хотири хотироте, ки барои мо халқ кардед » .