Декабр 17, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ба иштибоҳ ба самти аносири амниятии худ оташ гушуданд
    Неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ба иштибоҳ ба самти аносири амниятии худ оташ гушуданд

Неруҳои артиши режими саҳюнистӣ ба самти аносири амниятии ин режим дар Карона бохтарии руди Урдун оташ гушуданд .

Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи телевизиюнии Фаластин алявм, расонаҳои режими саҳюнистӣ фош карданд теъдодӣ аз неруҳои артиши Исроил ба иштибоҳ ба самти аносири амниятии ин режим дар наздики шаҳраки саҳюнистнишини Увфро-дар шимолу шарқии Ромуллоҳ дар Каронаи бохтарӣ тирандозӣ карданд .
Ба гуфта ин расонаҳо неруҳои артиши режими саҳюнистӣ гумон кардаанд, ки аносири амниятии ин режим шаҳрвандон фаластинӣ ҳастанд, ки санг партоб мекунанд .
Дар ҳамин ҳол рустои « Борин » дар шаҳри Наблус дар Каронаи бохтарӣ низ таи шаби гузашта то бомдоди имрӯз шанбе саҳнаи даргирии байни фаластиниҳо ва неруҳои артиши режими саҳюнистӣ буд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп