Ҳизбуллоҳи Лубнон: Исроил аз вуруди мо ба минтақаи Алҷалил дар Фаластини ишғоли ваҳшат дорад
(last modified 2023-01-08T05:07:16+00:00 )
Январ 08, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон: Исроил аз вуруди мо ба минтақаи Алҷалил дар Фаластини ишғоли ваҳшат дорад
    Ҳизбуллоҳи Лубнон: Исроил аз вуруди мо ба минтақаи Алҷалил дар Фаластини ишғоли ваҳшат дорад

Масъули умури Фаластин дар ҷунбиши Ҳизбуллоҳ гуфт саҳюнистҳо аз афзоиши қудрат ва нақши Ҳизбуллоҳ ваҳшат доранд ва метарсанд, ки ягон Резвон вориди минтақаи Алҷалил дар Фаластини иншғоли шавад.

Амрико ва режими саҳюнистӣ силоҳи муқовиматро таҳдиди бузурги барои худ медонанд ва бо эҷод ва таъмини миолии созмонҳои мардум ниҳод дар ростои заиф намудани руҳияи мардум ва ҳамла ба муқовимати Лубнон бо ҳадафи шикасти Ҳизобуллоҳ кор мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасан Ҳубуллоҳ, масъули умури Фаластин дар ҷунбиши Ҳизбуллоҳ рузи шанбе таъкид кард, режими саҳюнистӣ ба хуби медонад, ки наметавон дар баробари ҷабҳаи муқовимат ба пирузи даст пайдо кард ва ин масъаларо ғайри мумкин медонад.

Ҳубуллоҳ бо баёни ин ки Ҳизбуллоҳ силоҳҳое дорад, ки метавон қавоиди даргириро тағир диҳад идома дод мо ба оянда бисёр умедвор ҳастем муқовимати дар Лубнон вуҷуд дорад, ки мавозинаи қувворо таҳмил карда аст ва Исроил низ наметавонад ҳеҷ иқдоми анҷом диҳад.

Ин мақоми Ҳизбуллоҳ таъкид кард муқовимати Лубнон ба Исроил ҳушдор дода аст, ки дар бораи Қудс набояд аз хутути сурх убур кунад зеро Қудс бисёр муҳимтар аз Лубнон аст ва мо иҷоза нахоҳем дод саҳюнистҳо миллати Фаластинро аз кишварашон берун кунанд.

Ҳубуллоҳ дар идома афзуд: Амрико дар талош аст Ҳизбуллоҳро масъули фурупошии вазъияти иқтисодии Лубнон ҷилва диҳад ва ба ҷанги иқтисодӣ ва таҳрими миллатҳои минтақа руй оварда аст то аз пирузии низоми ё роҳкори сиёсӣ пешгири кунад.

Ҳубуллоҳ дар бораи афзоиши муқовимати марудми дар шарқи Сурия зидди амрикоиҳо низ таъкид кард ин ҳақи Сурия аст, ки сарзаминҳои худро пас бигирад ва ҳузури Амрико дар Сурия ғайри қонуни аст.

 

Барчасп