Радабандии қавитарин артишҳои Ховари Миёна дар соли 2023
Як пойгоҳи тахассусии умури низомӣ радабандии қавитарин артишҳои Ховари Миёна дар соли нави мелодиро мунташир кард.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира сомонаи "Global Firepower" радабандии қавитарин артишҳои Ховари Миёна дар соли нави мелодиро мунташир кард.
Бар асоси ин радабанди Туркия қавитарин артишро дар минтақа дорад ва пас аз он Миср ва Эрон дар радаҳои дувум ва севум қарор доранд.
Бар ин сос дар ин радабанди артиши режими саҳюннистӣ бар хилофи иддаоҳои пуртамтароқи мақомои ин режим дар бораи қудрати низомии онҳо ҷойгоҳи чаҳорумро ба худ ихтисос дода аст.
Дар радаҳои панҷум то даҳум низ артиши Арабистони Саъудӣ, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Сурия, Қатар ва Яман қарор гирифтанд.
Дар радабандии ҷаҳони низ аз байни 145 кишвари ҷаҳон, ки арзёби дар бораи онҳо анҷом шуд Туркия дар радаи ёздаҳуми ҷаҳон, Миср дар радаи чаҳордаҳум ва Эрон дар радаи ҳабдаҳум қарор дорад.
Глуболфойр Повер дар ин радабанди авомили мутаъадиди аз ҷумла вазъияти кунунии қудрати низомӣ, моллӣ, логестикӣ ва ҷуғрофиёиро дар канори вусъати кишварҳо ва пешрафтҳои фановарӣ дар онҳо мавриди барраси қарор дода аст.