Январ 23, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Талоши кабинаи Натанёҳу барои тағйиру ислоҳи қонунҳои қазоӣ омили ин тазоҳурот аст
    Талоши кабинаи Натанёҳу барои тағйиру ислоҳи қонунҳои қазоӣ омили ин тазоҳурот аст

Умри кабинаи ҷадиди Натанёҳу ҳануз ба як моҳ нарасидааст, аммо хатари фурӯпошӣ онро таҳдид мекунад.

Кабинаи Натанёҳу бо ду мушкили асосӣ мувоҷеҳ шудааст, ки онро дар остонаи фурӯпошӣ қарор додааст.

Мушкили нахуст, тазоҳуроти густардаву зудҳангоми мардумӣ алайҳи кабина аст. Дар рӯзҳои ахир тазоҳуроти густардае алайҳи сиёсатҳои кабинаи ифротии Натанёҳу баргузор шуд. Даҳҳо ҳазор тан аз шаҳракнишинони саҳюнистӣ шаби гузашта бори дигар дар эътироз ба сиёсатҳои Бенёмин Натанёҳу дар шаҳрҳои ишғолии Қудс, Ҳайфа ва Тел-Авив ба хиёбон омаданд. Ҳафтаи гузашта низ наздик ба сад ҳазор шаҳракнишин дар тазоҳуроте бесобиқа алайҳи кабинаи ифротии Натанёҳу ва тасмимоти он ба хиёбонҳо омаданд. Талоши кабинаи Натанёҳу барои тағйиру ислоҳи қонунҳои қазоӣ ва ҳаракат дар ҷиҳати афзоиши ихтиёроти кабина ва порлумон ва коҳиши ихтиёроти қувваи қазоия омили ин тазоҳурот аст.

Яке аз шохисаҳои тазоҳурот ин аст, ки раҳбар дорад ва аз сӯи ҷараёнҳои мухолиф ҳидоят ва ҳимоят мешавад. Дар тазоҳуроти шаби гузашта Яир Лапид, раиси ҷараёни оппозитсия ва Бени Гантс, вазири дифои пешини Исроил ҳам ҳузур доштанд. Ҳузури ин афрод дар тазоҳуроти мардумӣ зидди кабинаи Натанёҳу ба ин маъност, ки ҳануз мунозиаи сиёсӣ дар саҳнаи сиёсати Исроил поён наёфта ва ҳамон гуна, ки дар як соли гузашта Натанёҳу барои фурӯпошии кабинаи эътилофии Бенету Лапид талоши зиёде анҷом дод, акнун мухолифони вай низ чунин талошеро анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки низои сиёсӣ дар ҳудуди 4 соли ахир аз муҳимтарин далоили бесуботии сиёсиву шиканандагии кабинаҳо дар Исроил буд ва акнун чунин хатаре кабинаи тозатаъсиси Натанёҳу, ки ҳанӯз умри он ба як моҳ нарасидаастро низ таҳдид мекунад.

Мушкили дигаре, ки кабинаи Натанёҳу бо он мувоҷеҳ аст ва онро дар хатари фурӯпошии зудҳангом қарор додааст, таъйини афроде дар мақоми вазир аст, ки салоҳияти лозимро надоранд ва аз сӯи додгоҳи олӣ салоҳияти тасаддии вазоратхонаро ба даст намеоваранд. Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ (девони олӣ) рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта бо раъйи аксарияти 9 қозӣ аз байни 10 қозӣ ба адами салоҳияти Ория Даръи, раҳбари ҳизби ифротии ортодокси Шос ба далели маҳкумияти ҷазоӣ раъй дод.

Ория Даръи акнун вазири беҳдошт ва вазири дохилии кабинаи Натанёҳу аст ва аз он ҷое ки кабинаҳо дар Исроил бар асоси эътилофи миёни аҳзоб дар Кнессет ташкил мешавад, ҳизби Шос таҳдид кардааст, ки агар Натанёҳу ба дастури додгоҳи олӣ посух дода ва Ория Даръиро барканор кунад, ин ҳизб низ аз кабина хориҷ хоҳад шуд. Ҳизби Шос 11 курсӣ дар порлумон дорад ва агар бихоҳад аз кабинаву эътилофи ҳоким хориҷ шавад, Натанёҳу аксарияти порлумонеро, ки акнун 64 курсӣ аз миёни 120 курсиро аз они худ дорад, аз даст хоҳад дод ва дар он сурат кабина фурӯ мепошад ва бояд дубора интихобот баргузор шавад.

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, таҳлилгарон аз фурӯпошии зудҳангоми кабинаи Натанёҳу сухан мегӯянд. Бархе низ дар бораи эҳтимоли вуқуи ҷанги дохилӣ ҳушдор медиҳанд.

Йоси Мелман, таҳлилгари саршиноси низомӣ - амниятии режими саҳюнистӣ бо ишора ба тазоҳуроти шаби гузашта навишт: "Имшаб 125 ҳазор нафар алайҳи Натанёҳу ба хиёбон омаданд. Буҳрони Исроил мумкин аст ба ҷанги дохилӣ мунҷар шавад".

Ҳатто Исҳоқ Ҳертзог, раиси режими саҳюнистӣ низ дар изҳороте бесобиқа гуфтааст, ки Исроил ба самти таҷзия ва чанд тикка шудан мераваду аҳзоб бояд ихтилофоти худро ҳаллу фасл кунанд.

 

Барчасп