Бадарғаи пайкари корманди ҷонбохтаи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Теҳрон
(last modified Mon, 30 Jan 2023 07:55:19 GMT )
Январ 30, 2023 12:55 Asia/Dushanbe
  • Бадарғаи пайкари корманди ҷонбохтаи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Теҳрон
    Бадарғаи пайкари корманди ҷонбохтаи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Теҳрон

Пайкари кормандони ҷонбохтаи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Эрон аз фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон бадарға шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Прес, пайкари  Урхон Аскаров корманди ҷонбохтаи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Теҳрон бо ҳузӯри мақомоти Вазорати умури хориҷаи Эрон  аз фурудгоҳи Меҳробод бадарға шуд.

Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа як фарди мусалаҳ ба сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Теҳрон масъули нигаҳбонии сафорат ҷон бохт ва ду маҳофизи дигар захмӣ шуданд.

Зориб далоили шахсиро иллати ин ҳамла унвон кард.