Феврал 05, 2023 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи тӯпхонаии шадиди артиши Саудӣ ба манотиқи марзии Яман

Тӯпхонаи артиши Саудӣ манотиқи марзии Яманро ба шиддат гулӯлаборон кард, ки як кушта ва ду захмӣ барҷо гузошт.

Ба навиштаи вебгоҳи Ал Хабар Ал Ямнӣ, дар ҳамалоти тӯпхонаии Эътилофи саудӣ ба минтақаи ал Рақу дар шаҳристони Манбаҳ, воқеъ дар устони Саъдаи Яман, ду нафар аз ҷумла як африқоитабор захмӣ шуданд ва як нафар ҳам кушта шуд.

Вазорати беҳдошти давлати Санъо панҷшанбеи ҳафтаи гузашта бо интишори оморе эълом кард, аз ибтидои соли 2022 то 25 январи соли ҷорӣ (2023) бар асари ҳамалоти Эътилофи саудӣ 314 нафар кушта ва 3090 нафари дигар дар устони Саъда маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп