Феврал 15, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 4 террористӣ ДОИШ дар Каркуки Ироқ
    Ҳалокати 4 террористӣ ДОИШ дар Каркуки Ироқ

Як манбаъи амниятӣ дар Ироқ эълом кард 4 террористӣ ДОИШ дар устони Каркук ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши  Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи Бағдод-Алявм, бар асоси эъломи як манбаъи амниятӣ дар Ироқ, 4 террористи ДОИШ дар даргири бо нерӯҳои мубориза бо терроризми ин кишвар дар  Води-Алшай дар устони Каркук ба ҳалокат расиданд.

Масъулони ироқӣ ахиран низ аз кушта шудани 17 доишӣ  дар  амалиёти артишии ин кишвар дар шимолӣ Ироқ ва боздошти панҷ тани дигар аз онҳо дар шаҳри  Ҳавиҷаи устони Салоҳуддин хабар додаанд.

Аносири боқимондаи ДОИШ ҳамчунон дар манотиқе аз Бағдод, Салоҳуддин, Диёлӣ, Каркук, Найнаво ва Аланбор фаъолият доранд ва нерӯҳои амниятии Ироқ барои итминон аз адами зуҳӯри муҷаддади ДОИШ  ва аносири фарории он, ба ҷустуҷӯ, поксози ва таъқиби бақоёи ДОИШ дар саросари кишвар идома медиҳанд.

Нерӯҳои ироқӣ бо анҷоми амалиёти низомӣ ва таъқиби дошиҳо иҷозаи худнамоӣ ба террористҳо намедиҳанд бо ин ҳол такфириҳо бо истифода аз увзоъъи номусоъид даст ба таҳрикоте мазананд.

Барчасп