Феврал 20, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Эътирози асирони зани фаластинӣ ба тадовуми сиёсатҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо
    Эътирози асирони зани фаластинӣ ба тадовуми сиёсатҳои ваҳшиёнаи саҳюнистҳо

Бонувони асири фаластинӣ дар зиндони " Алдомун" иқдомоти эътирозиро ба иллати вахомати увзоъи худ ва тадовуми сиёсатҳои ваҳшиёнаи режими ишғолгар оғоз карданд.

Дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 800 асири фаластинӣ аз ҷумла 41 зан ва 140 кӯдак дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ асир ҳастанд, ки дар маърази ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ қарор доранд.

Ба гузориши  шабакаи телевизионии  Алмаёдин, бонувони асири фаластинӣ дар зиндони Алдомун, яке аз бандҳои ин зиндонро дар эътироз ба иқдомоти танбеҳии режими ишғолгар алайҳи шаш бонуи асири фаластинӣ  бастанд ва  ба сурати мусолиатомез дар маҳлулаи зиндон эътисоб карданд.

Бонувони асир дар Фаластин ҳамчунин  плакате ба  даст гирфтанд, ки бар рӯйи он навишта шуда буд: " На нон ва на об......Мо фақат озодӣ мехоҳем". Онҳо ҳамчунин аз  тадовуми баста нигаҳдоштани ин банд то лағви танбеҳ ва муҷозот алайҳи шаш бонуӣ асир хабар доданд.

Бонувони асири фаластинӣ бар идомаи муқовимати худ то замони лағви ҳамаи иқдомоти танбеҳии режими ишғолгар алайҳи худ таъкид ва эълом карданд, муқовимати онҳо баёнгари ҳамбастагӣ бо мардони асири фаластинӣ ва иқдомоти эътирозии онҳо аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Созмони зиндонҳои режими ишғолгар бар тадовуми танбеҳ ва муҷозоти ин шаш бонуи асир исрор доранд ва ин асиронро аз мулоқот бо хонаводаҳои худ ба муддати ду ҳафта маҳрум карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп