Бозсозии манотиқи зилзилазадаи Туркия тайи як соли оянда
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i98710
Раисиҷумҳури Туркия аз бозсозии манотиқи зилзилазадаи ин кишвар тайи як соли оянда хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 21, 2023 20:25 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии манотиқи зилзилазадаи Туркия тайи як соли оянда

Раисиҷумҳури Туркия аз бозсозии манотиқи зилзилазадаи ин кишвар тайи як соли оянда хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия бо баёни инки дар мароҳили поёнии арзёбии хисоратҳои заминларза ҳастем, гуфт, оворбардории ҳудӯди 21 ҳазор бино дар манотиқи зилзилазада ба итмом расидааст.

Эрдуғон бо ишора ба инки аз лаҳазоти нахуст пас аз заминларза токунӯн беш аз 114 ҳазор нафар аз зери овор наҷот ёфтаанд, тасреҳ кард, беш аз як миллион зилзилазада дар мадорис ва масоҷид истиқомат дода шудаанд.