Феврал 25, 2023 19:52 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳбубияти Натаняҳу дар миёни саҳюнистҳо

Натоиҷи як назарсанҷӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ коҳиши маҳбубияти эътилофи ҳоким бар кобинаи режеми ишғолгар ба раёсати Бинямин Натаняҳу, муттаҳам ба фасодро дар нигариши шаҳракнишинон нишон дод.

Кобинаи ҷадиди Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар таърихи 4 феврал тарҳи ҷанҷолиро барои «ислоҳи низоми қазоӣ»-и ин режим ироа кард, ки ба меҳвари танишҳои сиёсӣ ва эътирозоти мардум дар ин режим мунҷар шудааст.

Рӯзномаи «Маариу», дар гузориши аслии имрӯз (шанбе)-и худ навишт: Баъд аз рагбори қавонине, ки дар чорчуби ислоҳоти қазоӣ дар интизори мост, шоҳиди тағйири чашмгире дар равобити нирӯҳои сиёсии дохилӣ хоҳем буд.

«Маариу» бар асоси як назарсанҷии анҷомшуда, тавассути Муассисаи назарсанҷии мутааллиқ ба "Менахим Лазар" эълом кард, ҳизби "Йеш Атид" ба раҳбарии Яир Лапид, раҳбари мухолифони кобинаи феълӣ, бо 27 курсӣ аз маҷмуи 120 курсӣ, бузургтарин ҳизби Кнессет шудааст. Дар ин назарсанҷӣ ҳизби «Ликуд» ба раҳбарии Бинямин Натаняҳу бо 26 курсӣ ба рутбаи дуввум суқут карда ва дар ҳоли фурӯпошӣ аст.

 

Барчасп