Боздошти беш аз 10 шаҳрванди фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ
(last modified 2023-03-13T13:59:49+00:00 )
Март 13, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 10 шаҳрванди фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ
    Боздошти беш аз 10 шаҳрванди фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни ишғолгарӣ саҳюнист пас аз юриш ба шаҳрҳо ва манотиқи Каронаи Бохтарии ишғоли беш аз 10 нафар аз фаластиниёнро боздошт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинӣ Амад низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ бомдоди имруз душанбе ба манзилҳои фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғоли аз ҷумла шаҳраки Алзабобда дар ҷануби ҷанин ва минтақаи Алмарбаъа юриш будрда ва ба тафтиши онҳо пардохтанд.

Низомиёни ишғолгар дар ин юриш 10 нафар аз шаҳрвандони фаластиниро боздошт ва ба макони номаълум мунтақил карданд.

Манобеъи маҳалли низ аз идомаи даргириҳои шадиди низомиёни саҳюнист бо фадоиёни гуруҳи муқовимат дар маҳаллаи Алмахфия хабар доданд.

Ба гуфтаи ин манобеъ ишғолгарони саҳюнистӣ дар ин юриш аз таҷҳизоти низомии гази ашковари заҳролуд зидди фаластиниён истифода карданд, ки мунҷар ба масдумияти 10 шаҳрванди фаластинӣ шуд.

Барчасп