Март 15, 2023 14:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Ҷиноёти душман бепосух нахоҳад буд

Ноиб раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос ба душмании саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки таҷовузоташ бо посухи қотеъи миллату муқовимати Фаластин мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Солеҳ Ал Орурӣ, ноиб раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос тасреҳ кард, муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ рӯз ба рӯз густардатар мешаваду шуълаи муқовимат дар ин минтақа ҳаргиз хомӯш намешавад. Бояд ҳимоятҳо аз муқовимат бештару замина барои посухи сахту қотеъи он ба ҷиноёти душман фароҳам шавад.

Вай хотирнишон кард, бояд кумитаҳои мардумии густарда дар Каронаи Бохтарӣ барои муқобила бо шаҳракнишинони ишғолгари саҳюнист ва дифо аз шаҳрҳо ва рӯстоҳои фаластинӣ ташкил шавад.

Ноиб раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос бо баёни инки Сайфулқудс (шамшери Қудс) ҳануз дар ғилоф нарафта, афзуд, ҳар рӯз шоҳиди шамшер ва балки шамшерҳое дар Каронаи Бохтарӣ ҳастем, тамомии қаҳрамонону шуҳадои мо дар Каронаи Бохтарӣ шамшерҳои Қудс ҳастанд.