Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи мамнӯияти хариди оби сангинро аз Эрон тасвиб кард
(last modified 2016-07-14T11:04:29+00:00 )
Июл 14, 2016 16:04 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи мамнӯияти хариди оби сангинро аз Эрон тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони Амрико бомдоди панҷшанбе тарҳи мамнӯияти хариди оби сангинро аз Эрон тасвиб кард.

Дар сурати тасвиби ин тарҳ дар Сенат ва табдил шудани он ба қонун сарфи ҳазина бо ихтисоси манобеи молӣ ба созмонҳои давлатии Амрико барои харидани оби сангинро аз Эрон мамнӯъ мекунад.

Эд Ройс, раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар ин нишаст аз ҳукумати Барак Обама ба далели хариди оби сангин аз Эрон интиқод карда гуфт, ин иқдом ба манзалаи машрӯият бахшидан ба барномаи ҳастаии Эрон аст.

Кохи Сафед эълом кард, ин тарҳ ва ҳар тарҳи дигареро, ки халалдоркунандаи иҷрои БАРҶОМ аст, вето хоҳад кард.

Рӯзномаи "Волстрит ҷорнал"-и Амрико чанде қабл гузориш дода буд, ки ҳукумати Обама дар ростои тазмини иҷрои тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БАРҶОМ) қасд дорад, 32 тонна оби сангин аз Эрон харидорӣ кунад. Ин иқдом барои кӯмак ба коҳиши захоири оби сангини Эрон мутобиқи тааҳҳудоти ин кишвар таҳти БАРҶОМ сурат гирифт.

Бар асоси тавофуқи ҳастаии Эрон ва "Гурӯҳи 5+1", Эрон мутааҳҳид шудааст, ки захоири оби сангини худро тайи солҳои аввалия дар сатҳи камтар аз 130 тонна нигаҳдорӣ кунад ва дар солҳои баъдӣ иҷоза надиҳад, ки ин захира ба беш аз 90 тонна бирасад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Эрон барои ёфтани муштарӣ ҷиҳати фурӯши захоири оби сангинаш дучори мушкил шуда ва ин хатар вуҷуд дорад, ки захоири оби сангини ин кишвар ба беш аз сатҳи таъйиншуда дар тавофуқ мерасад.

Дар раъйгирии бомдоди панҷшанбе қонунгузорони Маҷлиси намояндагон тарҳи мамнӯияти хариди оби сангини Эронро ба тасвиб расонданд. Ин тарҳ бо 249 раъйи мувофиқ дар баробари 176 раъйи мухолиф тасвиб шуд.

Барчасп