Мамнӯъияти барпоии роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Олмон
(last modified Sat, 08 Apr 2023 08:32:45 GMT )
Апрел 08, 2023 13:32 Asia/Dushanbe
  • Рамазони Шариф: Роҳпаймоии рӯзи Қудс 25 фарвардин (14 апрел) баргузор мешавад
    Рамазони Шариф: Роҳпаймоии рӯзи Қудс 25 фарвардин (14 апрел) баргузор мешавад

Мақомоти Олмони роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудсро имсол ҳам мамнӯъ эълом карданд .

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст .
Ба гузориши хабаргузории Шабистон, мақомоти Олмон барои сеюмин соли паёпай барпоии роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудсро, ки қарор аст 15 апрел баргузор шавад, дар Берлин мамнӯъ карданд .
Лағви роҳпаймои рӯзи ҷаҳонии қудс аз соли 2020 оғоз шуду мақомоти Олмон дар ин се соли ахир ба баҳонаҳои мухталифи баргузории ин роҳпаймоиро лағв карданд .
Имом Хумайнӣ ( раҳ ) соли 1979 охирин рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом кард ва аз он сол то кунун дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳимоят аз миллати Фаластин дар ин рӯз роҳпаймоӣ анҷом мешавад ва иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластин ва масҷиди Алақсо маҳкум мешавад .
Роҳпаймои рӯзи ҷаҳонии Қудси имсол 13 апрели 2023 баргузор мешавад .
 
Бештар бихонед :