Танҳо 32 дарсади амрикоиҳо тамоюл ба интихоби муҷаддади Байден доранд
Натоиҷи назарсанҷии СНН нишон дод, танҳо яксеюми амрикоиҳо эълом кардаанд, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико шоистаи интихоби муҷаддад аст.
Бар асоси назарсанҷии СНН, танҳо 32 дарсад аз ширкаткунандагон муътақиданд, ки Байден бояд дубора ба унвони раисиҷумҳур интихоб шавад, дар ҳоле, ки дар назарсанҷии моҳи декабр , 37 дарсад аз амрикоиҳо чунин назаре доштанд, яъне 67 дарсад аз амрикоиҳо муътақиданд, Байден шоистаи интихоби муҷаддад нест.
Дар миёни посухдиҳандагони демократ ва мутамоил ба демократ, каме беш аз 44 дарсад эълом карданд, ки Байден бояд номзади ин ҳизб дар соли 2024 бошад. Аз касоне, ки хоҳони як номзади мутафовит барои Ҳизби демократ ҳастанд , 69 дарсад гуфтанд, ки "ҳаркас ба ҷуз Байден"-ро мехоҳанд.
Назарсанҷии СНН нишон дод, ки 49 дарсад аз раъйдиҳандагони лемократ муътақиданд, ки Байден беҳтарин шонси ин ҳизб барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурист ва 49 дарсади дигар чунин назаре надоранд.