Помпео аз рақобат дар интихоботи 2024 Амрико по пас кашид
(last modified Sun, 16 Apr 2023 06:15:29 GMT )
Апрел 16, 2023 11:15 Asia/Dushanbe
  • Помпео аз рақобат дар интихоботи 2024 Амрико по пас кашид

Вазири хориҷаи собиқи Амрико ба таври расмӣ эълом кард, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 ин кишвар номзад нахоҳад шуд.

Майк Помпео, дуввумин узви собиқи кабинаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрико буд, ки барои ба чолиш кашидани Трамп вориди рақобати интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 шуд. Помпео ба Никки Ҳейли, сафири собиқи Созмони Милали Муттаҳид, ки корзори интихоботии худро эълом кард, пайваст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Помпео бо интишори паёме дар ҳисоби корбарии “Твиттер”-и худ зимни эъломи инки қасди ҳузур дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2024-ро надорад, гуфт, ки ин интихобот «лаҳзаи ҳузур ӯ нест».

Помпео таъкид кард, ки инсироф аз номзадӣ «тасмимии комилан шахсӣ» будааст. Вазири хориҷаи собиқи Амрико дар бахши дигаре аз паёми худ иллати инсироф аз номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро «замони номуносиб барои худ ва хонаводааш» донист.