Баргузории ҷашни солгарди таъсисоти Руми бостон дар Италия
Сокинони Рум, ду ҳазору ҳафсаду ҳафтоду шашумин солгарди таъсиси Руми бостонро ҷашн гирифтанд.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, беш аз ҳазор нафар аз румиҳо рӯзи якшанбе бо пушидани либосҳои сарбозони Руми бостон ва Гилодиётурҳо дар хиёбонҳои марказии Рум, пойтахти Италия, режа (парад) рафтанд.
Шуморе аз дигар шаҳорвандони аврупоӣ низ дар режаи (парад) Руми бостон ширкат доштанд. Ин маросим ҳар сол дар шаҳри Рум баргузор мешавад
Таърихи эҳдоси шаҳри бостонии Рум бо афсонаҳо дар ҳам омехтааст.
Ҳазорон нафар дар пойтахти Италия аз режаи Гилодётурҳо ва сарбозони Руми бостон дидан карданд.
Баргузории ин оини бостонӣЮ илова бар ёдоварии таърихи Руми бостон ба шаҳравандони италияӣ, шеваи дигар барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ аст.