Апрел 18, 2024 17:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо бар ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо ва тамаркуз бар буҳрони Ғазза

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо ва тамаркуз бар ҳалли мусоламатомези буҳрон дар борикаи Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷозеф Боррел дар остонаи баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи гурӯҳи 7 дар Италия бо ишора ба ин, ки ғарби Осиё дар остонаи як ҷанги минтақаӣ қарор гирифтааст ва зарарҳои ин ҷанги эҳтимолӣ ба саросари ҷаҳон аз ҷумла Аврупо низ мунтақил хоҳад шуд, гуфт:Ҷанг дар борикаи Ғазза бояд дар зудтарин замони мумкин поён ёбад.

 Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин бо ишора ба "амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ"-и Эрон зидди режими наслкуши Исроил тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баҳрагирӣ аз ҳаққи зотии дифоъ аз худ бар асоси модаи 51-и маншури СММ ва дар посух ба таҷовузоти низомии пайдарпаи режими Исроил, ба вежа ҳамлаи низомӣ зидди макони дипломатӣ бо поймолсозии ошкори ҳуқуқи байналамилалӣ ва банди 2 маншури СММ иқдом ба маҷмӯае аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ зидди аҳдофи низомӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ кард.

 

Барчасп