Ҳузур надоштани Трамп дар додгоҳи расидаги ба иттиҳоми таҷовузи ҷинси
Раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар додгоҳи расидагӣ ба иттиҳоми таҷовузи ҷинси ба як нависандаи зани амрикоӣ ҳозир нашуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Донал Трам раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дардодгоҳи расидагӣ ба иттиҳоми марбут ба таҷовузи ҷинси ба Ҷин Кэрролл нависандаи зани амрикоӣ дар Манхэттен Ню-Йорк ҳозир нашуд.
Вакили хонуми Ҷин Кэрролл изҳор кард ҳузур надоштани Трамп дар ин додгоҳ нишон мдеиҳад, ки у ин корро анҷом дода аст у ҳаргиз наметавонад дар чашмони Ҷин Кэрролл нигоҳ карда ва иттиҳоми таҷовузро рад кунад.
Дар ҳамин ҳол вакили Трамп низ хитоб ба ҳайати мунсифа ин парвандаро тавҳиномез хонду гуфт нотавонии Ҷин Кэрролл дар баёни таърих дақиқ вуқуи ин иттиҳом боис шуд Трамп барои дифо аз худ ҳозир навашад ин парванда тавҳин ба адолат аст.
Дар ҳамин ҳол Трамп дар видеое, ки барои пахш дар додгоҳ забт карда буд ради иттиҳоми таҷовуз ба Ҷин Кэрролл вайро мутаҳам ба достон пардози барои фуруши китоби хотироташ дар соли 2019 кард.