Афзоиши эҳтимоли пирӯзии рақиби Эрдуғон дар интихоботи президентии Туркия
(last modified Fri, 12 May 2023 13:10:43 GMT )
Май 12, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Рақобати интихоботи президентӣ дар туркия
    Рақобати интихоботи президентӣ дар туркия

Охирин назарсанҷии анҷомгирифта дар Туркия, номзади мухолифонро пирӯзи интихоботи президентӣ дар даври аввал муаррифӣ кардааст.

Камол Қиличдоруғлу, номзади шаш ҳизби мухолифи давлат дар Туркия дар чаҳорчӯби эътилофе ба номи «Миллат», дар ҳафтаҳои ахир фарди пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ мешавад.

Камол Қиличдоруғлу дар ин муддат бо чанд дарсади ихтилофи раъй аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, номзади Ҳизби адолат ва тавсеа (ҳизби ҳоким) пештар будааст.

Аммо канорагирии Муҳаррам Инҷа, номзади мустақили интихобот дар наздикии даври аввали интихобот, ин фосиларо афзоиш додааст.

Бар асоси натоиҷи бадастомада аз назарсанҷии анҷомгирифта тавассути муассисаи таҳқиқотиву хабарии SAROS, ки имрӯз ҷумъа мунташир шуд, дар даври аввали интихоботи президентии Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳур ва номзади ҳизби ҳокими 46. 9 дарсади оро, Камол Қиличдоруғлу 51 дарсад ва Синон Увғон, номзади Ҳизби миллигаро 2. 91 дарсад аз кулли ороро тасоҳуб мекунанд.