Июн 01, 2023 09:42 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Иҷоза надиҳем наҳзати 15 хурдод бо ривоятҳои маҷъул, воруна ҷилва дода шавад
    Раисӣ: Иҷоза надиҳем наҳзати 15 хурдод бо ривоятҳои маҷъул, воруна ҷилва дода шавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ба ҳамоиши 15 хурдод таъкид кард: Имруз таклифи миллӣ ва динии мо аст, ки иҷоза надиҳем ин наҳзати азими мардуми бо ривоятҳои маҷъул махдуш ва воруна ҷилва дода шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ  дар паёми ба ҳамоиши 15 хурдод навишт имруз таклифи миллӣ ва даинии мо аст, ки дар қолаби ҷиҳоди табйин зимни бозхони ва бознамоӣ абъоди шахсиятии имом Хумайнӣ(р) ва шуҳадои мазлуми ин хурдод фаромуш нашудани дар тарвиҷ ва таъмиқ ҳарчи бештари паёми таърихии ин руйдод бикушем ва иҷоза надиҳем ин наҳзати азими мардуми бо ривоятҳои маҷъул маъдуш ва воруна ҷилва дода шавад.

Дар ин паём омада аст: Қиёми 15 хурдод тулуъи наҳзати исломӣ ва ҳалқаи пайванди руҳоният ва мардум ва ҳамчунин гушояндаи уфуқи нав барои миллати инқилоби ва муборизи Эрон буд, ки бо ошкортар кардани чеҳраи золим, дектатор ва бераҳми режими тоғут хати муборизаро равшан кард ва дар баҳмани 1357 равшаноӣ ва умедро барои ин миллати озода ба армуғон овард ва улгуӣ барои бедории миллатҳои таҳти ситам дар минтақа ва бисёри аз кишварҳои ҷаҳон шуд.

Раисӣ афзуд: Ин наҳат вижагиҳои мунҳасир ба фарди дар таърихи муборизоти мардуми ин сарзамин дошт, ки ҳузури масъулона ва худҷуши мардум, шаҳодатталаби, таҳавулхоҳи тавоум бо адолатталаби ва худбовари аз ҷумлаи ин вижагиҳо буд, ки ба намоди равшан ва чароғи ҳидоятгар барои ҳаракат дар масири изат, истиқлол ва озоди ва нафи сайтараи низомҳои султа бадал шавад ва имруз дар партави ҳидоятҳо ва раҳнамудҳои доҳиёнаи Раҳбари муаззами инқилоби ислмоӣ пурфуруғтар аз ҳамеша ба масири худ идома медиҳад.

Барчасп