Афзоиши фишорҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ бар раиси ҷумҳурии Сербистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i103044-Афзоиши_фишорҳо_дар_арсаи_сиёсати_дохилӣ_бар_раиси_ҷумҳурии_Сербистон
Фишорҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ бар раиси ҷумҳурии Сербистон афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 02, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти Сербистон
    Вазъияти Сербистон

Фишорҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ бар раиси ҷумҳурии Сербистон афзоиш ёфтааст.

Рӯзномаи "Wiener Zeitung" -и Австрия дар матлабе бо ишора ба афзоиши фишорҳои дохилӣ бар Александр Вучич, раиси ҷумҳурии Сербия навишт: Тазоҳуроти густарда алайҳи хушунати мусаллаҳона ва сиёсатҳои давлати ин кишвар дар шаҳри Белград, пойтахти Сербия ҳамчунон идома дорад ва интизор меравад, ки ҳазорон серб дар рӯзи шанбе, дар панҷумин тазоҳуроти паёпай алайҳи хушунати мусаллаҳонаи ин кишвар дар Белград ширкат кунанд.

Ин тазоҳурот, ки тавассути аҳзобу фаъолони мухолиф дар Сербия созмондеҳӣ шудааст, аз оғози моҳи май, ки ҳудуди 20 нафар дар ду ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуданд, мутаваққиф нашудааст.