Афзоиши фишорҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ бар раиси ҷумҳурии Сербистон
Июн 02, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
Фишорҳо дар арсаи сиёсати дохилӣ бар раиси ҷумҳурии Сербистон афзоиш ёфтааст.
Рӯзномаи "Wiener Zeitung" -и Австрия дар матлабе бо ишора ба афзоиши фишорҳои дохилӣ бар Александр Вучич, раиси ҷумҳурии Сербия навишт: Тазоҳуроти густарда алайҳи хушунати мусаллаҳона ва сиёсатҳои давлати ин кишвар дар шаҳри Белград, пойтахти Сербия ҳамчунон идома дорад ва интизор меравад, ки ҳазорон серб дар рӯзи шанбе, дар панҷумин тазоҳуроти паёпай алайҳи хушунати мусаллаҳонаи ин кишвар дар Белград ширкат кунанд.
Ин тазоҳурот, ки тавассути аҳзобу фаъолони мухолиф дар Сербия созмондеҳӣ шудааст, аз оғози моҳи май, ки ҳудуди 20 нафар дар ду ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуданд, мутаваққиф нашудааст.
Барчасп