Вокуниши сафорати Эрон дар Дания ба иқдоми муваҳин ва исломситезонаи сузондани Қуръон
(last modified 2023-07-01T12:34:38+00:00 )
Июл 01, 2023 17:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафорати Эрон дар Дания ба иқдоми муваҳин ва исломситезонаи сузондани Қуръон
    Вокуниши сафорати Эрон дар Дания ба иқдоми муваҳин ва исломситезонаи сузондани Қуръон

Сафорати Эрон дар Дания сузондани Қуръон ба номи озодии баёнро тавҳини ошкор ба арзишҳои динии мусалмонон қаламдод кард.

Як фарди ифроти ба номи Салвон Мумико рузи чаҳорашнбе 28 июн дар Стокголим дар нахустин рузи таътилии иқди Қурбон як нусха аз Қуръони Каримро пора карда ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид.

Мумико пас аз он ки полиси Шветсия муҷавизи барои баргузории тазоҳуроти зидди исломӣ содир кард ин ҷиноятро муртакиб шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Дания дар фазои маҷози нисбат ба оташзадани Қуръон дар Стокголими Шветсия вокуниш нишон дод ва бо интишори матлаби навишт: Иқдоми Шаниъ сузондани Қуръони Карим ба номи озодии баён натанҳо тавҳини ошкор ба арзишҳои муқаддаси динӣ балки беэҳтиромии мутлақ ба беш аз якуним миллиард мусалмон дар саросари ҷаҳон ва нақзи ҳуқуқи башари онҳо буд.

Барчасп