Пригожин пешниҳоди Путинро рад кард
Раҳбари гуруҳи ниманизомии Вагнер пешниҳоди раиси ҷумҳӯри Русияро дар бораи фаъолияти ин гуруҳ рад кард.
Дар паи шӯриши кӯтоҳи ниманизомиёни гуруҳи Вагнер ба раҳбарии Евгений Пригожин ва ба даст гирифтани контроли бархе аз шаҳрҳову роҳҳо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар нутқи телевизиюнӣ аз ин шӯриш ба унвони ханҷаре аз пушт бар пайкари ин кишвар ёд кард.
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Владимир Путин, раиси ҷумҳӯри Русия гуфт, ки Евгений Пригожин-раиси гуруҳи Вагнер пешниҳоди ӯро барои иҷоза додан ба аъзои ин гуруҳ барои хизмат дар чорчӯби қисме дар артиши Русия рад кардааст .
Раиси ҷумҳӯри Русия афзуд : Ба гуруҳи Вагнер ин фурсат дода шуд, то дар Русия ба ҳаёти созмонии худ идома дода ва хизмат кунанд, аммо Пригожин напазируфтааст.
Дар ҳамин ҳол Беларус эълом кард аъзои гуруҳи Вагнер ба бархе аз низомиёни ин кишвар дар маҳдудаи низомии ҷанубу шарқии Минск омӯзиш медиҳанд.
Омӯзиши низомиёни Беларус аз сӯи гуруҳи Вагнер дар ҳоле аст, ки Вазорати дифои Русия чаҳоршанбеи гузашта эълом кард, ки ин гуруҳ дар ҳоли таҳвили силоҳҳои худ ба артиши ин кишвар аст .
Бештар бихонед :