Аврупоиҳо ба дунболи тамдиди тавофуқи ғалладона аз сӯи Русия
Аврупоиҳо барои тамдиди тавофуқи ғалладона даст ба домони Русия шуданд.
Вазорати умӯри хориҷаи Русия пеш аз ин эълом карда буд, ки аҳдофи башардӯстонаи тавофуқномаи содироти ғалладона аз баҳри Сиёҳ амалӣ нашудааст ва Украина аз бандарҳои, ки дар кантроли ин кишвар ва гузаргоҳи содироти ғаллот аст, барои иҷрои ҳамалоти террористӣ истифода мекунад.
Дмитрий Псков-сухангӯи кохи Кремл низ душанбе эълом кард, то замони давлатҳои ғарбӣ маҳдудиятҳои содироти маҳсӯлоти кишоварзӣ ва неруҳои мениреалиро рафъ накунанд Русия иҷрои тавофуқномаи коридори ғаллотро ба ҳолати таъхир дармеоварад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кристиян Ҳофман-сухангӯи давлати Олмон дар паи таълиқи тавофуқи ғаллот аз сӯйи Русия гуфт : Хоҳони он ҳастем, ки Кремл тавофуқи ғаллотро тамдид кунад.
Вопке Хукстра-вазири хориҷаи Ҳоланд низ тамдиди тавофуқи ғаллотро барои ҷилавгирӣ аз афзоиши баҳои маводи ғизоӣ ва бесуботӣ дар бозор муҳим донист.
Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Фаронса ҳам дар баёнияе аз Русия хостааст то дар тасмими худ мабнӣ бар таълиқи тавофуқи ғаллот бознигарӣ кунад.
Ангози Ивоала мудири кулли Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ низ таъкид кардааст, ки набояд умед ба эҳёи ин тавофуқро аз даст дод .
Тавофуқи ибтикори баҳри Сиёҳ мавсум ба тавофуқи ғаллот июли 2022 дар Истанбул ба имзои Туркия,Созмони Миллали Муттаҳид, Русия ва Украина расид. Ҳадафи ин тавофуқ азсаргирии содироти ғаллот аз бандарҳои Украина буд, ки ба далели ҷанг миёни ин кишвар ва Русия мутаваққиф шуда буд.