Июл 18, 2023 18:47 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Чин ба ҳамла ба пули Қрим ва таълиқи тавофуқи ғалот
    Вокуниши Чин ба ҳамла ба пули Қрим ва таълиқи тавофуқи ғалот

Сухангуи Вазорати хориҷаи Чин имруз сешанбе бо ишора ба ҳамла ба пули Қрим гуфт: Зарурият дорад ки аз вуқуъи ҳамалот ба зерсохтҳо ва таъсисоти ғайринизомӣ иҷтиноб шавад.

Кумитаи миллии муқобила бо терроризми Русия рузи душанбе эълом кард Киев бо истифода аз ду зердарёӣ бедуни сарнишин як ҳамлаи террористӣ зидди пули Қрим анҷом дод ки иловар бар тахриби бахши мошинравии ин пул ду нафар кушта ва як кудак низ захми шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Моу Нинг сухангуи Вазорати хориҷаи Чин гуфт: Тарафҳои марбут бояд аз ҳамала таъсисот ва зерсохтҳои шаҳрванди иҷтиноб карда, амнияти ғайринизомиёнро таъмин ва қавонини байналмилалиро риъоят кунанд.

Ин дипломати чинӣ афзуд: Пекан умедвора аст, ки тамоми тарафҳои даргир иқдомотеро барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсии ин буҳрон анҷом дода ва ба сурати муштарак дар коҳиши ин вазъият ҳамкори кунанд.

Барчасп