Коҳиши бесобиқаи маҳбубияти нахуствазири Британия
(last modified Thu, 20 Jul 2023 12:56:45 GMT )
Июл 20, 2023 17:56 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши бесобиқаи маҳбубияти нахуствазири Британия

Натоиҷи як назарсанҷии нав дар Британия баёнгари коҳиши шадиди маҳбубияти Риши Сунак, нахуствазири ин кишвар дар байни мардуми Британия дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , назарсанҷии муассисаи YouGov нишон дод мизони маҳбубияти Сунак бо коҳишии шаш дарсадӣ нисбат ба моҳи гузашта ба рақами манфии 40 дарсад расидааст.
65 дарсади посухдиҳандагон аз амалкарди давлати Сунак норозианд ва фақат 25 дарсади афрод дар мавриди раҳбари Ҳизби муҳофизакор дидгоҳи матлуб доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи июн 51 дарсад аз афрод гуфтанд дидгоҳи онҳо дар бораи Сунак мусоид аст ва 40 дарсади афрод эҳсоси хилофи ин назар доштанд.
Назарсанҷии ёдшуда аз 2 ҳазору 151 фарди бузургсол, ки пештар дар ин ҳафта анҷом шуд, нишон медиҳад раҳбари Ҳизби коргар, ки ҳизби мухолифи давлати Англия аст ҳам аз лиҳози мизони маҳбубият вазъияти чандон хубе надорад.