Захарова : Иқтисодҳои қудратманди аврупоӣ ҳам ба мустаъмира табдил шудаанд
(last modified Tue, 25 Jul 2023 06:12:13 GMT )
Июл 25, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Захарова : Иқтисодҳои қудратманди аврупоӣ ҳам ба мустаъмира табдил шудаанд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия эълом кард дар ҳоли ҳозир кишварҳои ғарбӣ, ки аз назари иқтисодӣ қудратманд ва тавсеаёфта ҳастанд ҳам ба мустаъмира(мустамлика) табдил шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мария Захарова-сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия душанбешаб дар суханронии худ дар маҷмаъи занони Русия - Африқо хотирнишон кард кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар ҳоли ҳозир ба мустаъмираҳои нав табдил шудаанд.
Захарова афзуд онҳо аз назари иқтисодӣ қудратманд ҳастанд ва собиқаи тӯлонӣ дар тавсеаи демократӣ доранд ва бисёре аз онҳо дар гузашта озодиҳои демократиро ба вуҷуд овардаанд, аммо бо ин ҳол имрӯз онҳо на танҳо вобастаанд, балки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ комилан тобеъи ҷаҳони англосаксонҳо ҳастанд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт ин дар ҳоле аст, ки ҷаҳон дигар ҳозир нест ба ҳамон масири қаблӣ ва қадимии худ бозгардад ва ҳамон иштибоҳотро такрор кунад.
Захарова хотирнишон кард мо фақат барои худамон намеҷангем, мо барои ояндаи ҷаҳон меҷангем ва тасмим мегирем, ки оё ҷаҳон озод хоҳад буд ё ба гузаштаи истеъморӣ боз хоҳем гашт.
Захарова дар идома бо ишора ба инки агарчӣ рифоҳи моддӣ амри хушоянд аст, ки аз он қадрдонӣ мекунем, таъкид кард: Вақте озодии дарунӣ, иродаи озод ва дарки хубу бад вуҷуд надошта бошад, рифоҳи моддӣ арзиши худро аз даст медиҳад ва ба садде дар муқобили инсонҳо табдил мешавад.