Нақши Байден дар пинҳон кардани иқдомоти ғайриқонунии писараш
Бештари амрикоиҳо муътақиданд, ки Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико дар пинҳон кардани иқдомоти ғайриқонунии писараш нақш дошта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон натоиҷи назарсанҷиҳои ширкати Росмусен Рипертз нишон медиҳад беш аз 60 дарсад аз амрикоиҳо бар ин боваранд ки Байден бисёр зиёд ё то ҳади дар махфикории фаъолиятҳои тиҷории ғайриқонунии писараш нақш дошта аст.
Ин натоиҷ нишон медиҳад ки танҳо 34 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтанд бисёр баъид аст ки Байден дар махфи кардани ин муъомилоти ғайриқонуни нақш дошта бошад ё ба ҳеҷваҷҳ чунин эҳтимоли вуҷуд надорад.
Дар ин назарсанҷи мушахас шуд, ки ҳудуди 51 дарсад аз амрикоиҳо низ амалкарди раиси ҷумҳурияшонро қабул надоранд.
Бар асоси ин назарсанҷи танҳо 47 дарсад аз райдиҳандагон ки гуфтанд эҳтимолан дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури ширкат мекунанд амалкарди Байденро қабул доранд.
Бар асоси ин назарсанҷи 42 дарсади райдиҳандагони амрикоӣ ба шиддат мухолифи амалкарди Байден ҳастанд ва танҳо 29 дарсад комилан онро қабул доранд.