Маскав : Иқтисоди Русия бо « чолишҳои хориҷӣ » созгор шудааст
(last modified Sat, 12 Aug 2023 06:31:42 GMT )
Август 12, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Маскав : Иқтисоди Русия бо « чолишҳои хориҷӣ » созгор шудааст

Нахуствазири Русия бо ишора ба фишорҳову таҳримҳои Ғарб эълом кард иқтисоди Русия бо « чолишҳои хориҷӣ » созгор шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Михаил Мишустин-нахуствазири Русия бо ишора ба таҳримҳо ва фишорҳои Ғарб, бар суботи иқтисоди Русия ва тавоноии ин кишвар барои вифқ додани худ бо фишорҳо таъкид кард.
Ин мақоми аршади Русия эълом кард иқтисоди ин кишвар бо чолишҳои хориҷӣ созгор шуда ва оморҳо рушди иқтисод дар шароити кунуниро нишон медиҳад.
Мишустин идома дод : Рушди иқтисоди Русия бо тасмимоти қаблӣ ва иқдомоти фаврии давлат ва бар асоси тақозои дохилӣ амалӣ шудааст .
Нахуствазири Русия бо ишора ба гузориши омории Вазорати тавсеаи иқтисодии ин кишвар афзуд тавлиди нохолиси дохилии Русия 1.5 дарсад афзоиш ёфта ва дар семоҳаи дувуми имсол ( 2023 ) 4.6 дарсад будааст.