Август 22, 2023 21:15 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Ғарб бо таҳдид ва боҷхоҳи муттаҳидони Маскавро таҳти фишор қарор дода аст
    Лавров: Ғарб бо таҳдид ва боҷхоҳи муттаҳидони Маскавро таҳти фишор қарор дода аст

Вазири хориҷаи Русия гуфт: Ғарб дар талош аст муттаҳидони Маскавро аз тариқи таҳдид ва боҷхоҳи маҷбур кунад аз ҳамкории бо мо худдори кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дар бораи ҳамкории Русия бо шарикони иқтисодии Авруосиё ва СПАД изҳори назар кард.

Лавров гуфт: Шарикони Авруосиё ва СПАД таҳти фишори кишварҳои ғайридуст ҳастанд боздиди мақомоти олирутба аз пойтахтҳои ғарби аз онҳо барои мушовира дар мавриди муқобила бо даврзадани таҳримҳои ғайриқонунии зидди Русия ба риволи муназам табдил шуда аст.

Вай хотирнишон кард: Ғарб дар талош аст муттаҳидони Маскавро аз тариқи таҳдид ва боҷхоҳи маҷрбур кунад аз ҳамкории бо Маскав худдори кунанд.

Вазири хориҷаи Русия таъкид кард: Таҳдидоти тиҷорӣ ва иқтисодии мутақобили мо ҳамчунон иҷро мешавад зеро ин таъаҳудот манофеъи тарафайнро бароварда мекунад ва қавонини байналмилалиро нақз намекунанд.

Ба гуфтаи вай Маскав дар ҳоли бардоштани гомҳои мутақобил бо ҳадафи таваққуфи талошҳо барои нуфузи мухариб аз хориҷ аст.

Лавров хоирнишон кард: Дар чорчуби иттиҳодияи иқтсиодии Авруосиё иқдомоти муштараки барои ғалаба бар паёмадҳои таҳримҳои эъмолшуда зидди Русия ва Белорус аз тариқи афзоиши суботи иқтисодии кишварҳои иттиҳодия эҷод шуда аст.