Арабистон масоҷиди Яманро ба шеваи ДИИШ мунфаҷир мекунад + ВИДЕО
https://parstoday.ir/tg/news/world-i1066-Арабистон_масоҷиди_Яманро_ба_шеваи_ДИИШ_мунфаҷир_мекунад_ВИДЕО
Фаъолони шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" видеоеро аз лаҳзаи инфиҷори масҷиди шайх Ҷамолиддин дар рустои Ассирор, дар устони Таизи Яман ба сабки гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 31, 2016 13:23 Asia/Dushanbe

Фаъолони шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" видеоеро аз лаҳзаи инфиҷори масҷиди шайх Ҷамолиддин дар рустои Ассирор, дар устони Таизи Яман ба сабки гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир карданд.

Ин видео лаҳзаи инфиҷори гунбади масҷиди Ҷамолиддин, аз шахсиятҳои саршиноси суфӣ дар рустои Ассирорро нишон медиҳад.

Арабистони Саудӣ ва муздуронаш то кунун 15 масҷиди торихӣ ва зиёратгоҳро дар Яман вайрон кардаанд.

Дар ин видео афроди мусаллаҳ пас аз бомбгузорӣ, масҷидро ба вайрона табдил мекунанд.

Афроди мусаллаҳ ибтидо мазори шайх Ҷамолиддинро набши қабр карда ва бақоёии пайкарашро берун оварда ва сӯзониданд.

Ин афроди мусаллаҳи салафӣ узви гурдонҳои Ҳасмуссафила ва сойири гурӯҳҳои муздури саудӣ дар устони Таиз буданд, ки сешанбеи ҳафтаи гузашта ба рустои Ассирор ҳамла карданд ва аксари хонаҳои онро ба ҳамроҳи шумори дигаре аз хонаҳои атроф ба оташ кашиданд ва шуморе аз шиаёнро ба шаҳодат расониданд.

Ҳамаи ин хонаҳо мутааллиқ ба Оли Алҷунайд буд.

Фаъолони ҳуқуқӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар ин иқдомро поксозии нажодӣ ва наслкушӣ тавсиф кардаанд.

Муздурони вобаста ба Арабистон то кунун масоҷид, зиёратгоҳҳо ва қабристонҳои бисёреро дар Яман ба ҳамин шеваи диишӣ тахриб кардаанд.