Август 24, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Бархе аз муттаҳидони Трамп равонаи зиндон шуданд

Бархе аз муттаҳидони Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико баъд аз муттаҳам шудан дар парвандаи иддаои тақаллуб дар натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 дар иёлати Ҷорҷия роҳии зиндон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рууди Ҷулёни-вакили шахсии Доналди Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, Сидний Павел ва Ҷено Алис-вукалои собиқи вай ба ҳамроҳи шаш нафари дигар аз тими ҳуқуқӣ ва интихоботии Трамп чаҳоршанбе худро ба зиндоне дар шаҳри Атланта таслим карданд.
Фани Вилс,додситони ноҳияи Фолтун дар иёлати Ҷорҷия пеш аз ин гуфта буд пас аз шикасти Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020, ӯ ва ҳафдаҳ нафар аз тими интихоботиаш барои зери по гузоштани иродаи раъйдиҳандагон дар ин иёлат иқдом ба тавтеъа карданд.
Ин афрод ба нофармонӣ дар баробари қонун ва беэътибор кардани пирӯзии Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар интихоботи 2020 муттаҳам ҳастанд.
 

 

Барчасп